Воридоти 495 ҳазор тон сӯзишворӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон
(last modified Tue, 14 Dec 2021 04:31:51 GMT )
Декабр 14, 2021 09:31 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 495 ҳазор тон сӯзишворӣ аз хориҷ ба Тоҷикистон

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавлиди 20 ҳазору 400 тон сӯзишворӣ дар дохили ин кишвар тайи 10 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Авесто, тайи ин муддат аз хориҷ ба Тоҷикистон 495 ҳазору 200 тон сӯзишворӣ ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши 1,4 дарсадиро нишон медиҳад.

Арзиши молии ин миқдор сӯзишвории воридотӣ 312 миллиону  200 ҳазор доллар унвон мешавад.

Дар ҳоли ҳозир Русия ва Қазоқистон ду кишвари асосии содиркунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон мебошанд. Ин дар ҳоле аст, ки тайи моҳҳои ахир қимати ҳар литр бензин аз 11 сомониву 50 то 11 сомониву 80 дирам, салярка аз 11 сомонву 40 то 11 сомониву 70 дирам ва қимати газ моеъ ба 7 сомониву 80 дирам расидааст.

Бештар бихонед: