Омодагии Тоҷикистон барои аз саргирии иртибототи қаторӣ бо Русия
Сухангуи Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, кишвар омодааст, то иртиботи рейлӣ(қаторӣ) бо Русияро бо риояти тамоми илзомоти беҳдоштӣ аз сар бигирад.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Анвар Латифзода бо баёни ин матлаб гуфт, агарчӣ ҳануз дар мавриди аз саргирии иртибототи рейлӣ бо Русия зуд аст, аммо умедворам, ки ин амр ба зудӣ, амалӣ шавад. Ба маҳзи боз шудани марзҳои заминӣ омодаи аз саргирии иртибототи рейлӣ бо Русия ҳастем.
Бинобари суханони вай, пас аз таваққуфи иртибототи рейлӣ бисёре аз коркунони ин ширкат ба мурраххасии бидуни ҳуқуқ фиристода шуданд.
Латифзода афзуд: “То боздошта шудани хатсайрҳо ба Русия дар КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 1 ҳазору 400 роҳбаладон кор карда, баъди баста шудан қисмати зиёди онҳо ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Вазъият бо дигар коргарон низ чунин аст”,
Вай хотирнишон кард, ки дар ҳоли ҳозир танҳо қаторҳои борӣ тараддуд мекунанд. Маҳдудиятҳо фақат барои ҳамлу нақли мусофирон эъмол мешавад.
Латифзода ҳамчунин гуфт, дар ҳоли ҳозир роҳандозии қаторҳои чартерӣ дар масири Тоҷикистон – Русия дар дастури кор нест. Ҳаракат дар ин масир феълан барномарезӣ нашуда, зеро ҳеҷ дархосте аз сӯи шаҳрвандон дар ин маврид дарёфт нашудааст.
Иртиботи қаторӣ байни Тоҷикистону Русия аз 16 марти соли 2020 ба далели ҳамагирии карона таълиқ шуд.