Коркарди танҳо 20 дарсад аз пахтаи Тоҷикистон дар дохили ин кишвар
Дар Тоҷикистон аз 404 ҳазор тон пахта, ки то даҳаи нахусти моҳи декабри соли ҷорӣ бардошт шудааст, танҳо 20 дарсад каоркард ва бақия ба шакли хом ба хориҷ содир мегардад, ки ба иқтисоди ин кишвар миллионҳо доллар хисорат ворид месозад.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, имсол дар Тоҷикистон беш аз 174 ҳазор гектор замин таҳти кишти пахта қарор дошт, ки то рӯзи 10 декабри соли ҷорӣ аз 404 ҳазор тон маҳсӯл бардошт шудааст.
Бовуҷӯди таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи зарурати фароварии пахта дар дохили ин кишвар ва табдили он ба маҳсӯлот дар соли 2028, ин барнома ҳанӯз иҷроӣ нашудааст.
Аммо мақомоти Вазорати рушди иқтисоди ва тиҷорати Тоҷикистон муддаиянд, ки ба далели куҳна ва фарсӯда шудани таҷҳизот, набуди манобеи молии кофӣ ва нотавонӣ дар тавлиди маҳсӯлоти дорои рақобат аксари 100 корхонаи фароварии пахта дар ин кишвар фаъолият намекунад.
Ин дар ҳоле аст, ки тайи 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ 77 ҳазор тонн пахта ба арзиши молии 135 миллион доллар содир шудааст, ки дар кишварҳои Чин, Русия, Туркия ва Қазоқистон ба маҳсӯлоти табдил ва дубора ба бозори Тоҷикистон мунтақил мешавад, ки бо қимати гарон ба фурӯш мерасад.
Бештар бихонед: