Сӯхтор дар корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Мастчоҳ амдӣ эълом шуд
(last modified Wed, 15 Dec 2021 05:10:06 GMT )
Декабр 15, 2021 10:10 Asia/Dushanbe
  • Сӯхтор дар корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Мастчоҳ амдӣ эълом шуд

Идораи оташнишонии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сабаби сӯхтор дар ин маркази тавлидиро, ки шаби 25 октябри соли ҷорӣ рух дод, амдӣ эълом кард.

Ба гузориши сомонаи “Тоҷ Вик”, Неъматҷон Идизода, раиси Идораи оташнишонии ноҳияи Мастчоҳ гуфтааст, ки дар баррасиҳо мушаххас шуд, ки ин ҳодиса амдӣ буда ва афроди ношиносе даст ба чунин иқдом задаанд.

Ин корхона бо 400 метри мураббаъ масоҳат, мутааллиқ ба ширкати Музаффар ва молики он фарде ба исми Салим Мирзоев аст.

Гуфта мешавад, ки зиёни ин ҳодиса ба корхонаи ёдшуда 46 миллион сомонӣ баровард шудааст. Оташнишонон тавонистаанд танҳо 400 тон пахта аз 1 ҳазору 100 тон пахтаро аз коми оташ берун бикашанд.

288 ширкати кишоварзӣ маҳсули пахтаи худро бар асоси қарордод ба ин корхона таҳвил медоданд.