Декабр 16, 2021 12:12 Asia/Dushanbe
  • Духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Бритониё шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои ҳукме духтарашро ба симати сафири ин кишвар дар Бритонё мансӯб кард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Рухшона Эмомалӣ пеш аз ин корманди сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ва мудате ҳам дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба унвони муовини вазир ва масъули умур консулӣ фаъолият мекард.

Вай ҷонишини Масъуд Халифазада, сафири пешини Тоҷикистон дар Бритониё шуд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо чанд ҳукме дигар масъулони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, бема ва бознишастагӣ, Горди миллӣ ва ниҳоди раёсатҷумҳуриро тағйир дод.

 

Барчасп