Духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Бритониё шуд
Декабр 16, 2021 12:12 Asia/Dushanbe
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои ҳукме духтарашро ба симати сафири ин кишвар дар Бритонё мансӯб кард.
Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Рухшона Эмомалӣ пеш аз ин корманди сафорати Тоҷикистон дар Бритониё ва мудате ҳам дар вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба унвони муовини вазир ва масъули умур консулӣ фаъолият мекард.
Вай ҷонишини Масъуд Халифазада, сафири пешини Тоҷикистон дар Бритониё шуд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон бо чанд ҳукме дигар масъулони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, бема ва бознишастагӣ, Горди миллӣ ва ниҳоди раёсатҷумҳуриро тағйир дод.