Баргузории Ҳамоиши тиҷории Тоҷикистон ва Туркия
(last modified Thu, 16 Dec 2021 10:53:37 GMT )
Декабр 16, 2021 15:53 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Ҳамоиши тиҷории Тоҷикистон ва Туркия

Ҳамоиши тиҷории Тоҷикистону Туркия дар Қуния баргузор мешавад.

Ба гузориши сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Анкара, ин ҳамоиши тиҷорӣ дар чорчӯби сафари расмии Шералӣ Кабир, вазири саноат ва фанновариҳои навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия ва ширкат дар 748-солагии маросими «Шаби арӯс» (ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ) барномарезӣ шудааст.

Пешбинӣ мешавад, намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Туркия, аз ҷумла саноати фармасевтӣ, саноати нассоҷӣ, молияву бонкдорӣ, маъдан, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ ва тиҷорат, инчунин вазорату идораҳои давлатии ҷонибҳо иштирок намоянд.

Ҳамзамон дар доираи ҳамоиш дидори дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар қолаби «Соҳибкор бо соҳибкор» (B2B) баргузор хоҳад шуд.

Бештар бихонед :