Сабти фалакхонии Тоҷикистон дар феҳристи мероси фарҳангии номалмуси ЮНЕСКО
(last modified Fri, 17 Dec 2021 15:32:29 GMT )
Декабр 17, 2021 20:32 Asia/Dushanbe
  • Сабти фалакхонии Тоҷикистон дар феҳристи мероси фарҳангии номалмуси ЮНЕСКО

Мусиқии маҳаллии Тоҷикистон дар феҳристи мероси фарҳангии номалмуси ЮНЕСКО сабт шуд.

Ба гузориши “Спутник”, дар шонздаҳумин ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии муҳофизат аз мероси фарҳангии номалмус дар Порис тасмим гирифта шуд, ки фалакхонии Тоҷикистон дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ гунҷонида шавад. Қарор гирифтани фалакхонӣ дар феҳристи мероси фарҳангии номалмуси ҷаҳонӣ, ангезаи муҳиме барои ҳифозат ва маҳбубияти фарҳанги Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хоҳад буд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳам эълом кард, сабти фалакхонӣ дар феҳристи мероси ҷаҳониро Пончи Нилам Мегасватт (Punchi Nilame Meegaswatte), дабири кулли Комиссияи миллии Шриланка дар ЮНЕСКО ва раиси Кумитаи байнидавлатии ҳифозат аз мероси фарҳангии номалмуси ЮНЕСКО эълом кард.

Зулфия Бурҳон, намояндаи Тоҷикистон дар ин ҷаласа буд.

Фалакхонӣ гунае аз мусиқии мардумии Тоҷикистон аст, ки бештар дар Наврӯз иҷро мешавад.

Ин сабки мусиқӣ бидуни истифода аз олоти мусиқӣ ва фақат муттакӣ ба фарёдҳои овозхонон аст ва собиқаи чандсадсола дорад.

Фалакхонӣ дар Тоҷикистон ба ду навъи фалаки даштӣ ва роғӣ тақсим мешавад.

Фалаки даштӣ бидуни истифода аз олоти мусиқӣ ва бештар дар саҳрову биёбон иҷро мешавад ва фарёди унсури аслии ин сабки мусиқӣ аст.

Овозхонон дар фалаки роғӣ, ки камтар дар Тоҷикистон роиҷ аст, аз най истифода мекунанд.