Декабр 18, 2021 13:43 Asia/Dushanbe
  • Тазриқи воксани карона ба 58 дарсад аз афроди болои 18 соли Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то 16 декабри соли ҷорӣ ба 3 миллиону 386 ҳазору 686 шаҳрванди ин кишвар воксани корона тазриқ шудааст, ки баробар бо 55,1 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин ҷумҳурӣ мебошад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, бино бар омори ин вазорат то кунун 2 миллиону 754 ҳазору 739 шаҳрванд (47 дарсад) кишвар низ дози дувуми воксани карона тазриқ карданд.

Тибқи тасмими Ситоди марказии ҷилавгирӣ аз шуюи корона дар Тоҷикистон ваксинатсия барои шаҳрвандони 18 сол ба боло дар ин кишвар иҷборист.

Дар чорчӯби барномаи КВОКС беш аз 6 миллион доз воксани корона ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Аз рӯзҳои аввали сабти аввалин мавориди ибтило ба корона дар моҳи марти соли 2020 то 16 декабри соли ҷорӣ, 17 ҳазору 95 нафар дар ин кишвар ба ин беморӣ мубтало шуданд, ки аз ин миён 16 ҳазору 966 тан беҳбуд ёфтанд.

Теъдоди ҷон бохтагон бар асари бемории корона дар Тоҷикистон 124 нафар эълом шудааст.

Бештар бихонед:

Интиқоли беш аз 460 ҳазор доз воксани корона ба Тоҷикистон

 

Барчасп