Дидори вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо мақоми рус
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон бо намояндаи нави Вазорати дохилаи Русия дар Душанбе дидор кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар дидори Рамазон Раҳимзода бо Алексей Игоров, ки ба тозагӣ ба унвони намояндаи Вазорати дохилаи Русия дар Душанбе мансуб шудааст, дар бораи роҳҳои тақвияти ҳамкории ниҳодҳои интизомии ду кишвар баҳсу табодули назар шуд .
Тарафҳо дар ин дидор бар зарурати ҳамоҳангии бештари вазоратҳои дохилаи Тоҷикистон ва Русия дар мубориза бо тероризм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайримуҷоз таъкид карданд .
Дар ин мулоқот дар бораи авзоъи амниятии Афғонистон ва таъсири он бар суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам баҳсу табодули назар шуд .