Декабр 20, 2021 16:12 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон

Арзиши тавлиди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон таи 11 моҳи соли ҷорӣ ба 36 миллиарду 621 миллион сомонӣ ( муодили 3 миллиарду 500 миллион доллар ) расидааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши 5,8 дарсадиро нишон медиҳад

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, таи ин муддат тавлиди маҳсулоти чорво 8,9 дарсад ва меваву сабзиҷот 4,9 дарсад дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиш ёфтааст .Гуфта мешавад ки таи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 983 ҳазор тонна картошка,859 ҳазор тонна гандум ва 406 ҳазор тон пахта  бардошт шудааст .
Бо вуҷуди афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон таи соли ҷорӣ маводи ғизои аз ҷумла орд, гандум ва картошка дар муқоиса бо солҳои қабл гаронтар шудааст .



Бештар бихонед :

Барчасп