Боздошти ду ҷавон дар Душанбе ба иттиҳоми латукӯби ду духтари донишомӯз
-
Эҳтимолан ин иттиҳом барои ҳар як аз ин ду ҷавон то 5 сол маҳкумияти зиндон дар пай дорад
Мақомоти полиси шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавон хабар додаанд, ки рӯзи 20 декабри соли ҷорӣ ду духтари 15 солаи мадрасаеро дар маркази пойтахти Тоҷикистон ба баҳонаи надоштани рӯсарӣ ва ранг кардани мӯи сар мавриди латукӯб қарор додаанд.
Ба гузориши сомонаи нашрияи “Тоҷикистон”, Кароматуллоҳ Қурбонов ва Маъруф Носиров, ки 30 ва 26 сол син доранд, ду духтари донишомӯзро дар маркази шаҳри Душанбе мавриди латукӯб қарор доданд ва телефонҳои ҳамроҳи ононро шикастанд.
Кормандони полиси шаҳри Душанбе пас аз чанд соат муваффақ ба шиносоӣ ва ин ду зориб дар хонаҳояшон боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, ки яке аз ин духтарон набераи Аҳмадшоҳи Комил, рӯзноманигори тоҷик аст.
Коршиносони ҳуқуқӣ мегӯянд, ин иттиҳом метавонад барои ҳар як аз ин ду ҷавон то 5 сол маҳкумият ба зиндонро дар пай дошта бошад.
Бештар бихонед:
- Волидайни 3 духтари донишомӯз дар Тоҷикистон ҷарима шуданд
- Боздошти се донишомӯз дар шаҳри Истаравшан