Декабр 21, 2021 21:32 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахшҳои маъориф, тандурустӣ ва хадамоти телефони ҳамроҳ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонаи хеш дар нишасти муштараки Маҷлисҳои милли ва намояндагони ин кишвар дар шаҳри Душнабе, ки ба таври мустақим аз тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои давлатӣ ба таври мустақим пахш шуд, бо натиҷагирӣ аз рушди иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар соли 2021 вазоифи ҳукуматро барои соли 2022 мушахас кард.

Ба гузориши дафтари матбуъоти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо баршуморидани дастовардҳои муҳими соли 2021 аз фаъолияти бахшҳои омузишу парвариш, беҳдошту дармон ва хадамоти телефони ҳамроҳ интиқод кард.

Вай такид кард, ки равишҳои омӯзиш дар Тоҷикистон куҳна буда ва ҷавобгуӣ тақозои имрӯз нест ва марказҳои омузишӣ танҳо мадраки донишомухтагӣ медиҳанд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон то 10 соли оянда танҳо афроде дар корҳои давлати истихдом хоҳанд шуд, ки ба ғайр аз забони тоҷикӣ забонҳои руси ва англисиро низ мусаллат бошанд.

Вай аз фаъолияти беҳдошт ва дармон интиқод кард, ки ба чи далел мақомоти давлатӣ барои дармон ба хориҷ мераванд ва мардум ба низоми дармонии Тоҷикистон эътимод надоранд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ин ки мардум мегӯянд пул надорем интиқод кард.

Вай гӯфт, ки ҳар сол барои хадамоти ширкатҳои телефони ҳамроҳи хориҷӣ 3 миллиард сомони пардохт мекунанд ва боз ҳам иддао доранд, ки манобеъи молии кофӣ дар ихтиёр надоранд.

 

Барчасп