Афзоиши маҳдудияи рафту омад дар тунели "Истиқлол"-и Тоҷикистон
Ба далели идомаи бозсозии тунели "Истиқлол" тарҳи муштараки Тоҷикистон ва Эрон аз рӯзи 20 декабри соли ҷорӣ дар рафту омади мусофирон ва василаи нақлиётӣ, миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон маҳдудият эълом шуд.
Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълом кардааст, ки рафту омад дар ин масир аз соати 9 то 13 мамнуъ мебошад.
Аммо дар рӯзҳои ахир ин маҳдудият афзоиш ёфта ва соатҳои 21 то 24 шаб низ ин муқарарот эълом шудааст.
Тунели "Истиқлол" бо кумаки 31 миллион доларии Эрон, ки 10 миллион доллари он ройгон аст ва саҳми 7 миллиону 800 ҳазор долларии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳимати ширкати эронии "Собир" сохта шуд вале акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизот дорад.
Акнун тарҳи насби сомонаҳои рӯшаноӣ, дурбинҳои назоратӣ, системаи оташнишонӣ ва таҳвияи ҳавоӣ дохили ин тунел дар ҳоли иҷро аст, ду кишвар ба ин манзур 11 миллон доллар ихтисос доданд.
Ин тунел бо дарозии 5 ҳазору 200 метр дар 80 километрии шимоли шаҳри Душанбе сохта шуда аст ва заминаи иртиботии ҷодаӣ миёни марказ ва шимоли Тоҷикистонро дар тамомии фаслҳои сол таъмин мекунад.
Бештар бихонед: