Афзоиши 33. 7 дарсадии воридоти маҳсулоти ғизоии омода ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i78664-Афзоиши_33._7_дарсадии_воридоти_маҳсулоти_ғизоии_омода_ба_Тоҷикистон
Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷории мелодӣ воридоти маҳсулоти омодаи ғизоиро ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш додааст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 24, 2021 17:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 33. 7 дарсадии воридоти маҳсулоти ғизоии омода ба Тоҷикистон

Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷории мелодӣ воридоти маҳсулоти омодаи ғизоиро ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш додааст.

Ба гузориши “Форс”, воридоти маҳсулоти омодаи ғизоӣ тайи ин муддат 33. 7 дарсад (88. 7 миллион доллар) афзоиш ёфтааст.

Арзиши воридоти маҳсулоти ғизоии омода ба Тоҷикистон дар ин муддат ҳудуди 351. 4 миллион доллар будааст.

Ин мизон дар моҳҳои январ – ноябри соли 2020 ҳудуди 262. 7 миллион доллар будааст.

Ширинӣ ва консерви ғизоҳои дарёӣ аз ҷумлаи маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон аст.

Ин маҳсулот бештар аз кишварҳои Русия, Чин, Узбакистон ва Қазоқистон ворид мешавад.

 

Бештар бихонед: