Декабр 24, 2021 22:31 Asia/Dushanbe
  • Кумаки 25 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар мубориза бо вируси корона маблағи 25 миллион доллар ихтисос хоҳад дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе бо эъломи ин хабар таъкид кардааст, ки ин кумаки молӣ барои хариди воксан ва суръат бахшидан ба раванди тазриқи воксани корона дар Тоҷикистон ҳазина хоҳад шуд.

Ҳамчунин бахше аз ин манобеи молӣ ройгон барои хариди таҷҳизоти мавриди ниёз дар тазриқи воксани корона ва дору, судури гувоҳиномаи дарёфти воксан ва тавсеаи барномаи электронии озмоишҳо истифода хоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки то 22 декабри соли ҷорӣ наздик ба 60 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли ин ҷумҳурӣ воксани корона тазриқ кардаанд.

Дар чорчӯби барномаи КоВакс бо кумаки молии Бонки Ҷаҳонӣ беш аз 7 миллион доза воксани корона ба Тоҷикистон ворид шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп