Афзиши 28 дарсадии мубодилоти тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i78754-Афзиши_28_дарсадии_мубодилоти_тиҷоратии_Русия_ва_Тоҷикистон
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон аз афзоиши қобили мулоҳизаи мубодилоти тиҷоратии ду кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Декабр 25, 2021 21:28 Asia/Dushanbe
  • Афзиши 28 дарсадии мубодилоти тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон

Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон аз афзоиши қобили мулоҳизаи мубодилоти тиҷоратии ду кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Риа Новости, Евгеней Гаринков гуфт: мизони мубодилоти тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба 1 миллион доллар расид, ки афзоиши беш аз 28 дарсадӣ дар муқоиса бо соли 2020-ро нишон медиҳад.

Вай аз 1 миллиарду 130 миллион доллар фаротар рафтани мубодилоти тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон дар ин муддатро аз соли 2014 бесобиқа унвон кард.

Ба гуфтаи вай дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо 67 минтақаи Русия равобити тиҷоратӣ барқарор карда аст.

Тоҷикистон аз Русия бештар чуб ва тахта, дастгоҳ ва таҷҳизоти саноъати, таҷҳизоти кишоварзи ва маҳсулоти петрушимӣ ворид мекунад.

Аз Тоҷикистон ба Русия маҳсулоти кишоварзӣ бо тахфифи 50 дарсади тронзитии роҳи оҳан содир мешавад.