Бозикуни нави Персполис-беҳтарин мудофеъи соли Лигаи бартари Тоҷикистон
(last modified Sun, 26 Dec 2021 06:38:51 GMT )
Декабр 26, 2021 11:38 Asia/Dushanbe
  • Бозикуни нави Персполис-беҳтарин мудофеъи соли Лигаи бартари Тоҷикистон

Бозикуни нави Персполис ҷоизаи беҳтарин мудофеъи соли Лигаи бартари Тоҷикистонро касб кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими беҳтаринҳои футболи Лигаи бартари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, то беҳтаринҳои футболи соли ин кишвар муаррифӣ шаванд .
Ваҳдат Ҳаннонов-мудофеъи тозавориди Персполис бо амалкарди дурахшонаш дар фасли гузашта ба ҳамроҳи Истиқлоли Душанбе дар лигаи Тоҷикистон ба унвони беҳтарин мудофеъи сол интихоб шуд.
Ин мудофеъи 21 сола илова бар дурахшиш ба ҳамроҳи Истиқлол, яке аз бозикунони калидии тими миллии Тоҷикистон низ ҳаст.
Бошгоҳи Персполис ҳафтаи гузашта ба сурати расмӣ бо Ваҳдат Ҳаннонов ва Манучеҳр Сафаров-ду бозикуни тоҷик қарордоди 3 сола имзо кард.