Сафари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия
Декабр 27, 2021 11:16 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
Ба гузориши хабаргузории Ховар, Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ озими Санкт-Петербурги Русия шуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва нахуствазири Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе раиси Ҷумҳури Тоҷикистонро гӯсел карданд.