Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Санкт-Петербург ва дидор бо Путин
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Русия дар дидоре дар Санкт- Петербург равобити ду ҷониба ва авзоъи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург басар мебарад, бо Владимир Путин ҳамтои русии хеш дидору гуфтугу кард.
Дар ин дидор тарафҳо бо ибрози ризоят аз рушди мабодилоти тиҷории Тоҷикистону Русия, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба беш аз 1 миллиарду 130 миллиондоллар расидааст, бар зарурати истифода аз зарфиятҳои мавҷуд дар ин замина таъкид карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Русияро шарики шумораи нахусти тиҷории Тоҷикистон хонд ва хостори густариши беш аз пеши муносиботи ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва омузишӣ ва дармонӣ шуд.
Путин низ дар ин дидор бо ишора ба авзоъи Афғонистон ваъда дод, ки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷҳиз хоҳад кард ва пойгоҳи 201-и артиши Русия мустақар дар атрофи Душанбе нақши муҳимме дар таъмини амнияти Тоҷикистон ифо мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ озими Санкт-Петербурги Русия шудааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар ин сафар, вазири умури хориҷа, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар умури хориҷа ва вазири дифо ҳамроҳӣ мекунанд.
Бештар бихонед:
- Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Русия
- Паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон дар порлумон 21 декабри барномарезӣ шудааст