Қатъи фаъолияти хабаргузории Тоҷнюз
(last modified Mon, 14 Nov 2016 13:52:57 GMT )
Ноябр 14, 2016 18:52 Asia/Dushanbe
  • Қатъи фаъолияти хабаргузории Тоҷнюз

Ба дунболи тавқифи нашри ҳафтавори Нигоҳ ин бор Хабаргузории мустақили Тоҷнюз низ бо пахши иттилоияе аз қатъи фаъолияти худ хабар дод.

Рузи душанбе хабаргузории мустақили Тоҷнюз зимни эъломи қатъи фаъолияти худ навиштааст: Ин қарор барои мо ва фикр мекунем ҷомеаи огоҳи Тоҷикистон низ ногаҳонӣ нест. Мо интизор доштем, ки баъди аз чоп мондани нашрияи “Нигоҳ” навбати мо мерасад. Ҳамчунон, ки навбати як-ду расонаи мустақили боқимонда низ хоҳад расид.
Хабаргузори Тоҷнюз дар ин иттилоия иллати қатъи фаъолияти худро набуди шароити лозим барои фаъолияти як расонаи мустақил ва набуди фазои озоди расонаӣ дар ин кишвар арзёбӣ кардааст.
Таваққуфи фаъолияти хабаргузории Тоҷнюз бо тасмими муассиси ин хабаргузорӣ Созмони ҷамъиятии мавсум ба ИНДЕМ иттихоз шудааст.
Дар ин иттилоия дар мавриди иллати аслии қатъи фаъолияти ин хабаргузории маъруф ишорае нашудааст аммо қаблан Сайидмуҳиддини Дустмуҳаммадиён муассис ва бунёнгузор хабаргузории Тоҷнюз ва нашрияи Нигоҳ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Садои Хуросон эълом карда буд, ки дар канори маҳдудият ва фишори бархе мақомот алайҳи расонаҳои мустақил ҳамчунин буҳрони иқтисодӣ ва молӣ эҳтимолан мунҷар ба таваққуфи фаъолияти бархе расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон шавад:
Оқои Дустмуҳаммадиён дар ин робита чунин изҳори назар карда буд:
Ёдовар мешавем, ки хабаргузории мустақили Тоҷнюз моҳи сентябри соли 2009 ба фаъолият оғоз кард ва ин хабаргузори ба пахши ахбори дастнахӯрда аз долонҳои ҳукумат маъруф буд. Қатъ фаъолияти хабаргузори дар ҳоле эълом мешавад, ки рузи 2-уми ноябр низ ҳафтавори Нигоҳ марбут ба созмони иҷтимоии ИНДЕМ бо пахши иттилоияе аз қатъи фаъолияти худ хабар дода буд. Ба дунболи қатъи фаъолияти Нигоҳ созмонҳои журналистии Тоҷикистон назири Анҷумани расонаҳои мустақил ва Шурои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо судури баёнияе муштарак таассуф ва нигаронии худро аз қатъи фаъолияти ин нашрия баён карда буданд.