Ҳизби демократии Тоҷикистон хостори пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шуд
Раиси Ҳизби демократӣ ва намояндаи Маҷлсиси қонунгузории ин кишвар хостори пайвастани Душанбе ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шуд.
Ба гузориши сомонаи ТопТв, Сайдҷаъфар Усмонзода гуфт: Тоҷикистон дар сурати пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз чаҳор имтизё бархурдор хоҳад шуд, ки шомили ҳаракати озодонаи сармоя, нерӯи корӣ, коло ва маҳсулот ва хадамот мешавад.
Вай муҳимтарин имтиёзи Тоҷикистон аз узвият дар ин иттиҳодияро озод шудани коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз дарёфти иҷозатномаи кор ва иқомат унвон кард, ки сабаби сарфаҷӯии даромади молии онҳо мегардад.
Аз дидгоҳи вай дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ихтилофоти марзии ин кишвар бо Қирғизистон низ поён хоҳад ёфт, ки марзҳои ин ду кишвари ҳамсоя бар асоси муқарароти гумрукии ин иттиҳодия фаъолият хоҳад кард.
Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон мегуянд, ки аз соли 2015 машғули баррасии паёмадҳои узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мебошанд.
Бештар бихонед:
- Назари мақомоти Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
- Тоҷикистон ҳамчунон бар сари дуроҳаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
- Ширкати сафири Тоҷикистон дар Пекин дар ҷаласаи вазири умури хориҷаи Чин бо намояндагони дипломатии кишварҳои Авроосиё
- Узвияти Ӯзбекистон дар Иттиҳодияи Авруосиё, Тоҷикистон ҳанӯз тасмим нагирифтааст
- Узвият дар Иттиҳоди АвруОсиё барои Тоҷикистон чӣ дастоварде дорад?