Тоҷикистон хостори роҳандозии каридорҳои транзитӣ дар ИДМ
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод дод, каридорҳои ҳамлунақлӣ байни кишварҳои узви ин иттиҳодро роҳандозӣ кунанд.
Ба гузориши «Форс», Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар чиҳилу якумин нишасти Шӯрои ҳамоҳангии ҳамлунақли ИДМ, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард.
Вай дар суханоне зимни ин нишаст, ба кишварҳои узви ИДМ пешниҳод дод то каридорҳои ҳамлунақлӣ байни кишварҳои узвро боз кунанд.
Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон, замони роҳандозии каридорҳои ҳамлунақли байналмилалӣ ва ифтитоҳи каридорҳои чандваҷҳӣ барои ҳамлунақл фаро расидааст.
Дар ин нишаст дар мавриди натоиҷи корҳои анҷомшуда дар соли 2021 мелодӣ ва ҳамчунин мавзӯоти марбут ба тавсеаи каридорҳои ҳамлунақл гуфтугӯ карданд.
Дар поёни ин нишаст ширкаткунандагон тавофуқ карданд, ки барномаи иқдом то соли 2025 мутобиқ бо марҳалаи аввал ва стратегияи баъдии тавсеаи иқтисодии кишварҳои ИДМ ва заминаҳои авлавиятдори ҳамкорӣ дар ҳамлунақл то соли 2030 –ро идора диҳанд.