Дубай мизбони ҳамоиши тиҷории Тоҷикистону Иморот
(last modified Thu, 30 Dec 2021 07:24:02 GMT )
Декабр 30, 2021 12:24 Asia/Dushanbe
  • Дубай мизбони ҳамоиши тиҷории Тоҷикистону Иморот

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон аз баргузории ҳамоиши ҳамкории тиҷорӣ ва сармоягузории ин кишвару Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Дубай хабар дод.

Ба гузориши Форс, дар ҳошияи Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи EXPO – 2020 дар шаҳри Дубай ҳамоиши тиҷорӣ ва сармоягузории ин кишвару Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амволи давлатии Тоҷикистон ва  Ҳамид бин Салим, дабири кулли Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ширкат ва суханронӣ карданд.

Ҳамчунин дар ин ҳамоиш намояндагони дафтари иҷроии раисҷумҳур ва сафорати Тоҷикистон дар Иморот, роҳбарияти вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав ва намояндагони бахши хусӯсии ду кишвар ширкат карданд.

Дар ин ҳамоиши фурсатҳо соҳаҳо ва лоҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуда, аз доираҳои сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои муштарак даъват ба амал оварда шуд.

Гуфта шуда, ки дар доираи ҳамоиши мазкур миёни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат якчанд санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.