Ифтихорофаринии муаллими тоҷик
Муаллими тоҷик барандаи озмуни байналмилалии «Мактаби бидуни марз» шуд.
Ба гузориши «Ховар», Барно Саидова, муаллими забону адабиёти рус барандаи озмуни байналмилалии идеяҳо ва маҳоратҳои омӯзишӣ бо унвони «Мактаби бидуни марз» дар байни муаллимони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шуд.
Ин мусобиқаро Вазорати маорифи Русия баргузор кард.
Барно Саидова, муаллими муассисаи омӯзиши хусусии бо номи «Императории дониш» аст ва тарҳеро бо номи «Истифода аз техникаҳои навоварона дар мутолеаи забони русӣ» ироа кард.
Дар ин мусобиқа ки онлайн баргузор шуд, 600 муаллими бартари забони русӣ аз ИДМ ҳузур доштанд.
Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа тақвияти идеяпардозӣ ва ироаи равишҳои навини омӯзиши забону адабиёти русӣ эълом шудааст.