Декабр 31, 2021 22:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор ба коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия

Намояндагии Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирон хоҳиш кардааст, ҳар чи зудтар худро дар ин кишвар ба қайд гиранд то ба мушкилоти ҳуқуқиву депорт рӯ ба рӯ нашаванд.

Ба гузориши «Спутник», намояндагии Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба унвони коргарони муҳоҷир дар Русия кору фаъолият мекунанд, огоҳ кардааст, ки муҳлати иҷрои фармони раиси ҷумҳурии Русия “Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” дар таърихи 30 декабри соли равон ба анҷом расид.

Манбаъ мегӯяд, ки муҳлати қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ тибқи фармони раиси ҷумҳурии Русия 30 сентябри соли 2021 ба анҷом расида буд.

Шаҳрвандони хориҷе, ки то таърихи 30 сентябри соли равон будубоши худро дар назди мақомотҳои марбутаи Русия ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштаанд, новобаста аз мақсади вурудашон (шахсӣ, сайёҳӣ, тиҷоратӣ ва ғ.) тибқи муқарароти фармони мазкур имкон доштанд то санаи 30 декабри соли 2021 бастаи ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти корӣ (патент) пешниҳод намоянд.

Пас аз анҷоми муҳлати фармони мазкур дар соли 2022 дар қаламрави Русия будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба қаламрави ин кишвар меоянд ё дар ҳамин кишвар будубош ва ё фаъолияти корӣ, таҳсил ва муваққатан зиндагӣ доранд дар доираи қонунҳои амалкунанда, бе дарназардошти фармони мазкур амалӣ гардонида мешавад.

 

Барчасп