Талоши Тоҷикистон барои афзоиши тавлиди барқ аз неругоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ
Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз талоши ин кишвар барои ба 700 мегават расондани тавлиди барқ аз неругоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ дар соли 2030 хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Далер Ҷумъа гуфта аст, ки Тоҷикистон аз зарфияти азими тавлиди барқ аз неругоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ бархурдор мебошад, ки дар ин замина талош мешавад аз сармоягузори хориҷӣ истифода ба амал ояд.
Вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон афзуд: Дар ҷаҳон талош барои тавлиди энергетикаҳои таҷдидпазир оғоз шуда ва Тоҷикистон низ дар ин маврид барномаҳое таҳия карда аст, ки дар 8 сол наздик иҷро хоҳад шуд.
Вай бо ишора ба буҳрони камбуди барқ дар фаслҳои сармо дар Тоҷикистон гуфт: Бо баҳрабардори аз турбинҳои бештари неругоҳи барқи обии Роғун ва пайвастани Тоҷикистон ба шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ дар соли 2022 таъмини бахши хонагӣ бо барқ беҳтар хоҳад шуд. Ҳарчанд, ки бо тавлиди наздик ба 19 миллиард киловат соат барқ дар Тоҷикистон дар 11 моҳи соли гузашта дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл тавлиди барқ дар ин кишвар беш аз 6 дарсад афзоиш ёфта аст, мушкили камбуди барқ ҳамчунон боқӣ мемонад.
Ҳамзамон бо афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ аз тирамоҳи соли гузашта дар минтақаҳои рустоии Тоҷикистон барқ ба бахши хонагии ин кишвар танҳо субҳ ва шом мунтақил мешавад ва дар бақияи соатҳои шабонарӯз маҳдудият вуҷуд дорад.
Бештар бихонед:
- Тоҷикистон бояд нерӯгоҳҳои бодии бештаре бисозад
- Чин дар Бухоро нерӯгоҳи бодии 2 миллиарддолларӣ месозад