Январ 03, 2022 21:53 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳазинаҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар соли нав

Сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳазинаҳои фаъолияти ин ниҳоди қонунгузорӣ дар соли нави 2022-ро эълом кард.

Ба гузориши сомонаи нашрияи Тоҷикистон, Муҳаммадато Султонов гуфта аст, ки бар асоси мусавабаи намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон дар буҷети ҳукумати ин кишвар барои соли 2022 маблағи 21 миллиону 155 ҳазору 200 сомонӣ ихтисос ёфтааст.

Ҳамчунин Ҷамшед Муртазозода раиси комиссияи назорат бар рафторҳои намояндагони Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон эълом карда аст, ки аз ин манобеъи молӣ барои 280 нафар корпардозон, кормандони фаннӣ ва хадамоти ин ниҳод дар соли 2022 маблағи 841 ҳазор сомонӣ дар назар гирифта шудааст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дорои 63 курсӣ мебошад, ки ба аъзои 6 ҳизби фаъоли сиёсии ин кишвар таъалуқ дорад.

Зеро интихоботи порлумонии Тоҷикистон бар асоси феҳрасти воҳиди ҳизбҳои сиёси ва номзадҳои ин гуруҳҳо дар ду ҳавзаи саросарӣ ва фардӣ баргузор мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп