Ноябр 15, 2016 11:39 Asia/Dushanbe
  • Такмили “Роғун” 13 сол тӯл мекашад

Ширкати итолиёии муҷрии тарҳи такмили нерӯгоҳи “Роғун” эълом кард, ки баҳрабардории комили ин тарҳ ба 13 сол замон ниёз дорад.

Ба гузориши сайти ширкати итолиёии “Салини Импреҷило”, ин ширкат эълом кардааст, ки барои сохти комили ин нерӯгоҳ ҳамчунин ба 3 миллиарду 900 миллион доллар сармоя ниёз аст.

Нерӯгоҳи обии “Роғун” бо садди 335 метрӣ ва 6 турбина аз тавони тавлиди 13 миллиард киловатт соат барқ бархурдор аст. Ҳаҷми оби захирашуда дар пушти садди ин нерӯгоҳ 13,3 километри мукааб аст.

Давлати Тоҷикистон муътақид аст, бо такмили сохти ин нерӯгоҳ буҳрони камбуди барқ дар фасли сармо дар ин кишвар коҳиш хоҳад ёфт ва заминаи содироти барқ ба Афғонистон ва Покистон аз тариқи хатти КАСА -1000 фароҳам хоҳад шуд.

Нерӯгоҳи обии “Роғун” як тарҳи бозмонда аз даврони Шӯравӣ аст.

Сохти ин нерӯгоҳи 3600 мегаватӣ рӯйй рӯди Вахш дар соли 1976 оғоз шуд, аммо дар соли 1993 идомаи сохти ин сад ба далели набуди сармоя ва хуруҷи мутахассисон аз Тоҷикистон ниматамом раҳо шуд.

Акнун ва пас аз гузашти солҳо таъхир дар такмили ин тарҳ, ширкати итолиёии муҷрии ин нерӯгоҳ ваъда додааст, ки дар соли 2018 турбинаи нахусти онро ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

 

Барчасп