Январ 04, 2022 15:41 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия
    Гуфтугӯи телефонии руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия тайи тамоси телефонӣ равобити дуҷониба ва авзои минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши сомонаи русии  РИА Новости ,дар тамоси телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин роҷеб ба иҷрои тавофуқоти дутараф, ки дар ҳошияи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дар Санкт- Петербург дар авохири моҳи декабри соли гузашта ба даст омада буд, баҳс ва табодули назар шуд.

Дутараф бо ибзори ризорят аз густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Русия дар соли 2021, бар зарурияти тақвияти ҳамкориҳои Душанбе ва Маскав дар заминаҳои сиёсӣ, энержӣ, низомӣ ва амниятӣ,ҳамлу нақл ва омӯзишӣ ва дармонӣ дар соли ҷадиди 2022 таъкид карданд.

Гуфта мешавад,ки мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Русия дар 11 моҳи соли 2021 ба беш аз як миллиарду 130 миллион доллар расидааст, ки тайи солҳои охир рушди бесобиқаро нишон медиҳад.

 

Барчасп