Амнияти минтақа, меҳвари гуфтугуи телефонии раисони Ҷумҳурии Узбакистон ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i79366
Раисони Ҷумҳурии Узбакистон ва Тоҷикистон дар гуфтугуи телефонӣ масоили муҳими дуҷониба ва амнияти минтақаро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Январ 06, 2022 22:37 Asia/Dushanbe
  • Амнияти минтақа, меҳвари гуфтугуи телефонии раисони Ҷумҳурии Узбакистон ва Тоҷикистон

Раисони Ҷумҳурии Узбакистон ва Тоҷикистон дар гуфтугуи телефонӣ масоили муҳими дуҷониба ва амнияти минтақаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳурии  Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуфтугуи телефонӣ масоили рӯз, дастури кори дуҷониба ва амнияти минтақаро баррасӣ карданд.

Раисони ҷумҳур дар ин тамоси телефонӣ дастури кори рӯз, равобити шарокати роҳбурдии Узбакистон ва Тоҷикистонро баррасӣ ва дар мавриди вазъияти минтақа аз ҷумла вазъияти мавҷуд дар Қазоқистон табодули назар карданд.

Раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Тоҷикистон ду тарафро ба хештандорӣ ва ҳаллу фасли сулҳомези масоили мавҷуд даъват карданд.

Раисони ҷумҳур ибрози омодагӣ карданд, ки аз ин ба баъд низ талошҳои муштараки худро барои густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо дар барқарории сулҳу субот ва амният дар минтақа ба кор хоҳанд баст.

 

Бештар бихонед: