Январ 06, 2022 22:38 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими бузургдошти дуввумин солрӯзи шаҳодати сардор Сулаймонӣ дар Тоҷикистон

Дуввмин солгарди шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, ҳамзамон бо аёми сугвории шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) маросими бузургдошти дуввумин солрӯзи шаҳодати сипаҳбуд шаҳид ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмони шаҳидаш бо ҳузури аъзои сафорат ва ниҳодҳои кишварамон ва ҳузури густардаи эрониёни муқим, шомгоҳи чоршанбе 15 даймоҳ дар маҳалли сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ сафири Эрон дар ин маросим дар суханоне бо ташриҳи абъоди зиндагии ҳазрати Фотимаи Заҳро(с) ва ишора ба бархе аз сифатҳо ва вижагиҳои сипаҳбуди шаҳид ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ аз ҷумла имонмеҳварӣ ва Худомеҳварӣ, ахлоқи ҳасана, вилоятмадорӣ ва тавассул ба Қуръони Маҷид ва Аҳли байти исмат ва таҳорат(а)-ро баршумурда ва таъкид кард: Муҳимтарин вижагии мактаби шаҳид Сулаймонӣ садоқат ва ихлоси эшон буд.

Вай хотирнишон кард: Шаҳид ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ шахсияти бисёр бузург ва мутавозеъ буд ва маросими бошукуҳи видоъи мардум бо ин шаҳиди азиз дар таърихи инқилоби исломӣ камназир буд. Шаҳид Сулаймонӣ дар ваилоятмадорӣ ва ишқи ба вилоят забонзади ому хос буд ва иқдомоташ ҳамроҳ бо ишқ ва сафои ботини буд ва ҳамин амр сабаби мондгории ёду хотираи вай дар хотири эрониён ва мардуми дунё шудааст.

Сафири Эрон дар Тоҷикистони бо таъкид бар ин ки фиқдони ин сардори рашиди Ислом ва Эрон талафоти ҷуброннопазир буд, гуфт: Роҳи ишон дар мубориза бо терроризм ва ифротигароӣ идома пайдо хоҳад кард.

 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп