Фиристодани 200 низомии тоҷик дар қолаби неруҳои СПАД ба Қазоқистон
(last modified Fri, 07 Jan 2022 17:02:55 GMT )
Январ 07, 2022 22:02 Asia/Dushanbe
  • Фиристодани 200 низомии тоҷик дар қолаби неруҳои СПАД ба Қазоқистон

Дар нишасти муштараки Маҷлиси намояндаго ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эъзоми 200 низомии тоҷик дар қолаби неруҳои СПАД ба Қазоқистон мувофиқат шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар ин нишаст таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бар асоси банди 55 қонуни асосӣ ва тааҳҳудоти байналмилалии худ барои эъзоми неруи низомӣ дар қолаби неруҳои СПАД ба Қазоқистон мувофиқ мебошад.

Аз сӯи дигар, Станислав Зас, дабири кулли ин созмон эълом кард, воҳидҳои пештози ин созмон дар ҳоли ҳозир вазоифи худ дар Қазоқистонро оғоз кардаанд.

Бар асоси ин гузориш, маъмурияти неруҳои ҳофизи сулҳи СПАД дар Қазоқистон расман оғоз шудааст.

Эътилофи ҳофизони сулҳи СПАД шомили низомиён аз Русия, Беларус, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Аз дигар аҳдофи ин неруҳои СПАД ҳифозат аз таъсисоти давлативу низомӣ ва кумак ба неруҳои интизомии Қазоқистон барои барқарории назму қонун дар ин кишвар эълом шудааст.

Ин неруҳо ба дархости расмии Қосим Жоомарт Токаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон барои кумак ба неруҳои интизомӣ ва амниятии ин кишвар дар мубориза бо терроризм ва барқарории амният вориди Қазоқистон шудаанд.

Хабаргузории русии Риа Новости эълом кард, ки интиқоли низомиёни тоҷик ба Қазоқистон аз фурудгоҳи Ҳисор оғоз шуд.

 

Бештар бихонед: