Авзоъи Қазоқистон, меҳвари гуфтугӯи Раҳмон ва Пашиниян
(last modified Sun, 09 Jan 2022 06:04:29 GMT )
Январ 09, 2022 11:04 Asia/Dushanbe
  • Авзоъи Қазоқистон, меҳвари гуфтугӯи Раҳмон ва Пашиниян

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва нахуствазири Арманистон дар тамоси телефонӣ вазъияти Қазоқистонро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ва Никол Пашиниян,нахуствазири Арманистон, ки раёсати Шӯрои амнияти ҷамъии Созмони паймони амнияти ҷамъиро бар ӯҳда дорад, телефонӣ бо якдигар гуфтгӯ карданд .
Тайи ин гуфтугӯ тарафайн дар мавриди вазъияти Қазоқистон табодули назар ва аз талошҳои раёсати ин кишвари дӯст барои бозгардондани сулҳу оромиш ҳимоят карданд .
Раванди иҷрои тасмими Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар мавриди эъзоми неруҳои ҳофизи сулҳи ин созмон ба Қазоқистон барои кумаки ҳифозат аз назму қонун ва тазмини субот дар ин кишвар аз дигар мавзӯъоти баррасишуда дар ин гуфтугӯи телефонӣ буд .