Январ 10, 2022 12:30 Asia/Dushanbe
  • Боқиев: Мизони дастмузди тоҷикҳо дар Кореяи Ҷанубӣ 10 баробар бештар аз Русия аст
    Боқиев: Мизони дастмузди тоҷикҳо дар Кореяи Ҷанубӣ 10 баробар бештар аз Русия аст

Раиси Анҷумани шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрванди ифтихории Сеул аз фаъолияти 6 ҳазор тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ хабар дод, ки 5 ҳазор нафар аз онон дорои тобеияти Русия ҳастанд.

Ба гузориши сомонаи «ТОП ТҶ», Аҳрорҷон Боқиев гуфтааст, ки теъдоде аз тоҷикҳо, ки донишомӯхтаи донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ ҳастанд, дар ширкатҳои машҳури Самсунг ва Ҳюндай фаъолият мекунанд.

Вай муҳимтарин шарти истихдоми коргарони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикҳоро дар марокизи тавлидӣ ва саноатии Кореяи Ҷанубӣ, донистани забони кореяӣ унвон кардааст.

Аз дидгоҳи ӯ мизони маошу дастмузди тоҷикҳо дар Кореяи Ҷанубӣ дар муқоиса бо Русия 10 баробар бештар мебошад.

Боқиев таъкид мекунад, ки барои эъзоми теъдоди бештари коргарони муҳоҷири тоҷик ба Кореяи Ҷанубӣ бояд ин афрод аз қабл забони кореяӣ биомӯзанд ва аз сафорати ин кишвар дар Душанбе виза бо ҳаққи кор дарёфт намоянд.

Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 2008 фаъолияти худро оғоз кардааст, қаблан бо кордори Кореяи Ҷанубӣ мудирият мешуд ва ҳаққи судури виза надошт, аммо ахиран нахустин сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро шуруъ кардааст ва зарурат дорад, ки миёни ду кишвар созишномаи эъзоми коргарони тоҷик ба имзо бирасад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп