Гутугӯи телефонии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия
(last modified Mon, 10 Jan 2022 13:53:07 GMT )
Январ 10, 2022 18:53 Asia/Dushanbe
  • Гутугӯи телефонии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия пас аз нишасти фавқулоддаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ телефонӣ гуфтугу карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуъотии раёсати Ҷумҳурии Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владими Путин дар ин тамоси телефонӣ вокуниши сарони кишварҳои Сомзони паймони амнияти ҷамъӣ ба ҳаводиси Қазоқистонро ба мавқеъ ва муҳим арзёбӣ карданд, зеро эъзоми неруҳои кишварҳои узви ин созмон ба дархости раиси Ҷумҳурии  Қазоқистон заминаи барқарории дубораи амният ва суботро дар ин кишвар фароҳам сохт ва аз идомаи фаъолиятҳои гуруҳҳои террористӣ пешгирӣ кард.

Дар ин тамоси телефонӣ вазъияти марзи муштаркаи Тоҷикистон ва Афғонистон ва зарурияти кумак ба неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои муқобила бо таҳаррукоти гуруҳҳои террористи низ баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти фавқулоддаи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аз тариқи иртиботи видеоӣ дар бораи вазъияти Қазоқистон, эҷоди камарбанди амниятӣ перомуни Афғонистон суханронӣ кард.