Ноябр 16, 2016 09:58 Asia/Dushanbe
  • Намоиши филми Муҳаммад расулаллоҳ (с) дар Тоҷикистон

Филми синамоии Муҳаммад расулаллоҳ (с) сохтаи Маҷиди Маҷидӣ, коргардони шаҳири эронӣ ба муддати ду рӯз барои синамогарон ва маҳофили фарҳангии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта мешавад.

Ба иттилои сайти Toptj, Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон гуфтааст, барои намоиши филми Муҳаммад расулаллоҳ (с) дар синамоҳои Тоҷикистон ин филм бояд харидорӣ шавад, ки ҳамакнун бадалели камбуди манобеи молӣ ин кор мақдур нест.

Ҳақдодов афзуд: Маҷиди Маҷидӣ, когрдони ин асари ҳунарии торихӣ ба дархости Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон бо ирсоли як нусха аз филми Муҳаммади расулаллоҳ (с), иҷозатномаи намоиши ду рӯзаи онро барои синамогарон ва маҳофили фарҳангии ин кишвар содир кардааст.

Ба гуфтаи раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, аҳолии синамо дар ин кишвар алоқаманд буданд, ки аз Маҷиди Маҷидӣ ва дастандаркорони филми Муҳаммади расулаллоҳ (с) таҷлил кунанд, аммо ин коргардони эронӣ ҳамакнун дар Русия ба сар мебарад, то дар маросими ифтитоҳи намоиши филми Муҳаммад расулаллоҳ (с) ширкат кунад.