Январ 13, 2022 10:48 Asia/Dushanbe
  • Барномарезӣ барои сохти 870 корхонаи саноатӣ то соли 2027 дар Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон аз сохти 870 корхонаи саноатӣ то соли 2027 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, қарор аст бо бунёди ин теъдод корхонаи саноатӣ арзиши тавлидоти саноатии Тоҷикистон то соли 2027 ба 95 миллиард сомонӣ бирасад.

Дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ саҳми маҳсулоти саноатӣ дар тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон ба 26 дарсад хоҳад расид.

Дар ҳоли ҳозир ин мизон 34 миллиарду 900 миллион сомонӣ эълом шудааст.

Бар асоси эъломи омор, саҳми бахши кишоварзӣ дар тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон бештар оз бақияи марокизи тавлидӣ аст, зеро тайи 11 моҳи соли 2021 кишоварзону ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон ба андозаи 36 миллиарду 600 миллион сомонӣ маҳсул тавлид карданд.

Дар Тоҷикистон солҳои 2022 то 2027 ба унвони соли рушди саноат  номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп