Январ 15, 2022 22:00 Asia/Dushanbe
  • Шиддат ёфтани назорати беҳдоштӣ бар рафтуомади мусофирони ҳамлунақли заминӣ ва ҳавоии Тоҷикистон

Назорати беҳдоштӣ бар рафтуомадӣ мусофирон дар Тоҷикистон шиддат гирифт.

Мудири ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйри Тоҷикистон эълом кард ба далели густариши вируси Омикрон дар  Узбакистон ва Қирғизистон мусофирон бояд барои сафар бо ҳавопаймоҳои ин ширкат ҳатман гувоҳии озмоиши манфии коронаро дошта бошанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, дар итилоъияи ин ширкат таъкид шуда аст, ки мусофирон бояд гувоҳии озмоиши манфии бемории Ковид-19 ба забони англисиро ҳамроҳ дошта бошанд.

Ҳамчунин Маҷнун Орифов, мудири идораи бемориҳои вогирдори вилояти Суғд эълом кард аз ҳар мусофире, ки аз гузаргоҳҳои  марзии заминӣ аз Узбакистон вориди Тоҷикистон мешаванд, озмоиши корона гирифта хоҳад шуд.

Ваӣ гуфт, гузаргоҳҳои марзии Узбакистон бо ноҳияҳои Конибодом, Панҷакент, Мастчоҳ ва фурғдгоҳи байланмиллалии Хуҷанд дар вилояти Суғд шабонарӯз фаъол буда ва тамоми мусофирон муаззаф ба анҷоми озмоиши корона ҳастанд.

Ӯ баён кард: Ҳамчунин тамоми мусофирони воридшуда аз Узбакистон бояд худро 14 рӯз қарантина кунанд.

 

Барчасп