Январ 17, 2022 15:21 Asia/Dushanbe
  • Дидори дӯстонаи тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Гурҷистон

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар дидори дӯстона бо тими миллии Гурҷистон дар Тифлис натиҷаро вогузор кард.

Ба гузориши сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дидори нахуст бо натиҷаи 6 бар 2 ва дидори дуввум низ бо натиҷаи 10 бар 1 ба нафъи тими миллии футзали Гурҷистон ба поён расид.

Гуфта мешавад, ки ин рақобатҳо дар чорчӯби омодагӣ ба мусобиқоти Ҷоми миллатҳои Осиё, ки 10 то 12 апрели соли ҷорӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор мешавад, анҷом шуд. Узбакистон, Афғонистон ва Непал рақибони Тоҷикистон дар гурӯҳи "Б" –и ин мусобиқот ҳастанд.

Дар дидорҳои дӯстонаи тими миллии футзали Тоҷикистон бо тими миллии Гурҷистон дар Тифлис Пайрав Воҳидов, сармураббӣ ва теъдоде аз бозикунони аслии Тоҷикистон ба далели ибтило ба корона ҳузур надоштанд.

 

Барчасп