Январ 17, 2022 22:00 Asia/Dushanbe
  • Маъофияти гумрукии воридоти васоили нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон

Раиси анҷумани кормандони бахши энергетикаи Тоҷикистон эълом кард, ки ҳукумати ин кишвар воридоти васоили нақлиёти барқиро аз пардохти боҷи гумрукӣ маъоф карда аст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Рафиқа Мусоева гуфта аст, ки дар чорчуби барномаи истифода аз энергетикаи сабз, ҳукумати Тоҷикистон бо маъофияти комили воридоти васоили нақлиёти барқӣ ба ин кишвар мувофиқат кард.

Вай таъкид карда аст, ки воридкунандагони таксиҳо ва автобусҳои барқӣ акнун метавонанд аз ин имтиёз истифода кунанд, ки ҳам аз нигоҳи ҳифзи муҳити зист ва ҳам аз ҷиҳати сарфаҷуии молӣ муҳим ва муфид мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран Фирдавс Сайидзода муовини шаҳдории Душанбе эълом кард, ки 20  таксии барқӣ, ки аз Чин ворид шуд дар пойтахти Тоҷикистон кашондани мусофиронро оғоз кард ва қарор аст дар рӯзҳои наздик 80 таксии дигар ба шабакаи ҳамлу нақли Душанбе афзуда шавад.

Вай таъкид карда аст, таксиҳои барқӣ дар муддати бо як бор захира кардани барқ метавонанд то 300 километр роҳро таӣ кунанд.