Ҳарифони тими футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонони Осиё мушаххас шуд
Тими футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонони Осиё бо «Ал-Ҳилол» ва «Ал-Райян» бозӣ хоҳад кард.
Ба гузориши сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар натиҷаи қуръакашӣ дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «А» шомил шуд. Ҳарифони чемпиони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ал-Райян” (Қатар), инчунин ғолиби бозии плей-офф миёни дастаҳои “Шарҷа” (АМА) ва “Ал-Завраа” (Ироқ) мебошанд.
Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии Осиё миёни клубҳо дар минтақаи Ғарб дар қолаби марказонидашуда аз 7 то 27 апрел доир мегарданд. Дар асоси низомнома ғолибони 10 гурӯҳ аз ду минтақа, ҳамчунин 6 даста, ки бо нишондиҳандаи беҳтар ҷои дуюмро дар гурӯҳашон сазовор мешаванд, ба 1/8-финал роҳхат мегиранд. Дар сурати ба даври дигар баромадан “Истиқлол” бозии даври 1/8-финалро 3 ё 4 феврали соли 2023 доир менамояд.