Баррасии роҳҳои тақвияти ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Туркия
Сафири Тоҷикистон дар Туркия дар дидор бо вазири дифои ин кишвар роҳҳои тақвияти муносиботи низомиро баррасӣ кард.
Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Ашраф Гулов бо Хулуси Акар дар бораи роҳҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар бахши дифоӣ ва низомӣ баҳсу табодули назар шуд.
Ду тараф ҳамчунин дар бораи авзои минтақа, таҳаввулоти Афғонистон ва таъсири он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтугӯ карданд.
Дар ин дидор бо ибрози ризоят аз ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркия тайи 30 соли барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар, бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ, беҳдоштӣ - дармонӣ ва гардишгарӣ таъкид шуд.
Бештар бихонед:
- Вогузории итмоми сохти меҳмонхонаи 5 ситораи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба 3 ширкати туркӣ
- Афзоиши 1 миллиарддолларии табодулоти тиҷории Тоҷикистон ва Туркия