Нигаронии кишоварзони вилояти Суғд аз афзоиши нархи доруҳои кимиёӣ
(last modified Sat, 22 Jan 2022 06:40:25 GMT )
Январ 22, 2022 11:40 Asia/Dushanbe
  • Далели гарон шудани доруи кимёӣ дар Тоҷикистон, афзоиши нархи он дар Узбекистонаст
    Далели гарон шудани доруи кимёӣ дар Тоҷикистон, афзоиши нархи он дар Узбекистонаст

Афзоиши нархи доруҳои кимиёӣ муҷиби нигаронии кишоварзони вилояти Суғд шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , дар ҳоле ки дар соли 2021 нархи ҳар халтаи 50 килоии  доруҳои кимиёӣ 260 сомонӣ буд, дар соли нав ин мизон ба 400 сомонӣ расидааст .
Фурӯшандагони доруҳои кимиёӣ мегӯянд далели гарон шудан ин маҳсулот афзоиши нархи он дар Узбекистон мебошад, ки содиркунандаи доруҳои кимиёӣ ба Тоҷикистон аст .

  • Ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистон фурӯхта шуд
  • Абдулазиз Маҳмудзода-муовини раиси Идораи кишоварзии вилояти Суғд муътақидаст афзоиши қимати доруҳои кимиёӣ ба зиёни кишоварзон тамом хоҳад шуд, зеро барои як гектар сабзиҷот 300 кило,  пахта 500 кило, шолӣ 700 кило ва пиёз 1 тон доруи кимиёӣ масраф мешавад, ки ҳеҷ суде барои кишоварзон надорад .

Танҳо корхонаи доруҳои кимиёии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон наздик ба ду даҳа аст, ки ба далели набуди сӯхту маводи хом аз фаъолият боз мондааст .



Бештар бихонед :