Январ 22, 2022 21:05 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон дар Душанбе

Дар дидори муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Покистон дар Душанбе мавзӯи ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдарро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Мавзӯи таҳаввулоти Афғонистон ва зарурати ташкили давлати фарогир дар ин кишвар ва авзои амниятии минтақа аз дигар меҳварҳои ин дидор дар Душанбе буд.

 

Барчасп