Афзоиши беморони коронаӣ дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз шиносоии 36 бемори коронаии дигар дар 24 соъати гузашта хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон, бо эҳтисоби ин 36 маврид бемори шиносоишуда теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 154 нафар расид, ки аз ин теъдод 16 ҳазору 971 нафар беҳбуд ёфтаанд .
Теъдоди фавтиҳои беморони коронаӣ ҳамон 124 нафари қаблӣ аст.
- 5 воксани Эронӣ дар феҳристи кандӣдаҳои воксани Ковиди 19 созмони ҷаҳонии беҳдошт
- Иҷрои сад дарсадии барномаи тазриқи воксани корона ба сокинони Душанбе
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард,ки то кунун 4 миллиону 355 ҳазору 582 нафар дар кишвар воксани корона тазриқ кардаанд, ки баробар бо 75 дарсад аз ҷамъияти болои 18 сол аст .
Ҳамчунин 3 миллиону 636 ҳазору 802 нафар муодили 63 дарсад аз ҷамъияти болои 18 соли Тоҷикистон дозаи дуввуми воксани корона дарёфт кардаанд.
Бар асоси барнома бояд 5 миллиону 828 ҳазору 301 нафар афроди болои 18 соли ин кишвар воксани корона тазриқ кунанд.
Доктор Рустам Қурбонализода ҳам мегуяд тазриқи воксан таъсири басазое дар пешгирии гирифторӣ ба корона дорад: