Баррасии муноқишоти ахири марзӣ дар дидори раисони ноҳияҳои Исфара ва Ботканд
Раисони ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон дар дидоре ҳодисаи партоби санг ба мошини боркаши Насруллоҳбек Исломов, ронандаи тоҷик ва мамониати марзбонони Тоҷикистон аз сохти девор дар наздикии махзани об дар минтақаи мавриди ихтилофи ду кишар аз сӯи қирғизҳоро баррасӣ карданд.
Ба гузориши сомонаи АКИпресс, Баҳоваддин Баҳодурзода, Учқунбек Ҷоробоев дар ин дидор бар зарурати худдории сокинони манотиқи марзи муштараки ду кишвар аз таниш ва ихтилофофаринӣ таъкид карданд.
- Вазири хориҷаи Қирғизистон: То ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Қирғизистон фосилаи зиёде вуҷуд дорад
- Изҳороти раиси Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи мушкилоти аломатгузорӣ нашудани ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон
Ҳамчунин тарафҳо дар бораи пардохти ҷуброни хисорати ворида ба мошини боркаши ронандаи тоҷик аз сӯи Қирғизистон ба тавофуқ расиданд. Ахиран дар марзи ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон мошини боркаши Насруллобек Исломов, ронандаи тоҷик аз сӯи қирғизҳо сангборон шуд, ки мӯҷиби захмӣ шудани ронанда ва шикастани шишаҳои худрави вай гардид.
Ҳамчунин марзбонони тоҷик аз иқдоми қирғизҳо барои сохти девори ҳифозатӣ дар наздикии махзани оби муштараки ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон ҷилавгирӣ карданд.
Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст. Ихтилоф бар сари бархе манотиқ миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон мӯҷиби низо ва танишҳо мешавад, ки пас аз даргирии ҳунини рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли 2021, марзҳои заминии ду кишвар баста боқӣ мемонад.