Январ 26, 2022 11:30 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли зиндонӣ шудани муттаҳамони парвандаи заҳролудшавии 50 сокини вилояти Суғд

Додситонии шаҳри Хуҷанд аз ирсоли парвандаи моликони маркази “Мурғбирён”-и ин шаҳр ба иттиҳоми масмумият ё заҳролудшавии 50 сокини вилояти Суғд хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, декабри соли 2021 бар асари хурдани ғизои олуда ресторани мавсум ба “Мурғбирён” дар вилояти Суғд 50 нафар бар асари масмумият дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ин ошхона мутааллиқ ба Муҳсинҷон Тоҷибоев ва бародараш дар наздикии бозори шаҳри Хуҷанд воқеъ шудааст.

Таҳқиқоти пизишкӣ нишон дод, ин афрод бар асари хурдани маводи ғизоии таърихи масрафаш гузашта заҳролуд шудаанд.

Мақомоти додситонии Хуҷанд мегӯянд, бар асоси иттиҳомоти эъломшуда ба моликони маркази “Мурғбирён” дар ин шаҳр, додгоҳ метавонад ононро ба пардохти ҷарима ва ё ду сол зиндон маҳкум кунад.

Ҳамчунин кормандони созмони ғизо ва доруи шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми бетаваҷҷуҳӣ муҷозот хоҳанд шуд.