Январ 27, 2022 18:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафирони Олмон ва Фаронса

Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо сафирони Олмон ва Фаронса мулоқот кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Сироҷиддини Муҳриддин бо Мишел Таран ва Эндрю Пратман роҷеъ ба сатҳи феълии равобити дуҷониба ва зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ, дармонӣ ва беҳдоштӣ баҳсу табодули назар шуд .
Тарафҳо бо ибрози ризоят аз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Олмон ва Фаронса таи 30 соли барқарории равобити дипломатӣ бар зарурати тақвияти муносибот таъкид карданд.
Ҳамчунин дар ин дидор авзоъи амниятии Афғонистон, лузӯми кумак ба мардуми ин кишвар ва мубориза бо тероризм низ баррасӣ шуд.

 

Барчасп