Энержӣ - меҳвари дидори мақомоти Амрико ва Тоҷикистон
(last modified Fri, 28 Jan 2022 15:02:19 GMT )
Январ 28, 2022 20:02 Asia/Dushanbe
  • Энержӣ - меҳвари дидори мақомоти Амрико ва Тоҷикистон

Дар дидори мақомоти Амрико ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамкории ду кишвар дар заминаи энержӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Далери Ҷумъа, вазири энерживу манобеи обии Тоҷикистон ва Питер Райл, мудири Ожонси тавсеаи байналмилалии Амрико (USAID) дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ карданд.

Тарафайн ба таври вижа тайи ин мулоқот дар мавриди мавзуоти калидии равобити дуҷониба, иҷрои ислоҳот дар бахши энержӣ барои дастёбӣ ба аҳдофи миллӣ дар заминаи энержии пок ва васл кардани манобеи энержии таҷдидпазир табодули назар карданд.

Дар поёни музокирот, ду тараф омодагии худро барои тарвиҷи бештари тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаи энержӣ ва манобеи обӣ иброз доштанд.

Шоёни зикр аст, ки дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки 20 январ сурат гирифт, Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуротеро дар ин замина ироа кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ин, дар таърихи 21 декабр дар паёми худ ба Парлумон, зимни суханронӣ дар мавриди энержӣ ҳамчунин хотирнишон карда буд, ки барои дастрасӣ ба истиқлоли энержӣ ва истифодаи муассир аз барқ дар даврони истиқлол, 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1. 5 ҳазор километр хутути интиқоли барқ бо фишори боло, 50 нерӯгоҳ бо волтажи боло ва ба таври куллӣ 75 дарсад аз зерсохтҳои энержии кишвар таҷдид шудааст.